Қоидаҳои барномаи мукофотии хадамоти фармоиши такси «Maxim»

1. Қоидаҳо ба истифодабарандаи дилхоҳи замимаи мобилии «Maxim» равона карда шудааст, пешниҳоди расмии хадамоти «Maxim» мебошад ва ҳамаи шартҳои барномаи мукофотиро дарбар мегиранд.

2. Истилоҳҳое, ки дар қоидаҳо истифода бурда мешаванд:

2.1. Иштирокчӣ — истифодабарандаи замимаи мобилии «Maxim».

2.2. Иштирокчии нав — истифодабарандае, ки аввалин маротиба замимаи «Maxim»-ро насб кардааст, қаблан тавассути замимаи фармоишҳо аз дастгоҳи мобилӣ ёки рақами телефон проморамзи хадамоти «Maxim»-ро фаъол накардааст.

2.3. Проморамз — пайдарпайии ҳарфҳо ва рақамҳо, ки дар замима барои мубодила байни иштирокчиёни барномаи мукофотӣ ҳосил карда шудааст. Проморамз муайянкунандаи фиристонанда ва қабулкунандаи худ, мукофоти пешниҳодшаванда ва иштирок дар иқдомҳои хадамоти «Maxim» мебошад. Барои фаъолгардонии проморамз вориднамоии он ба майдонча дар замимаи «Maxim» лозим аст.

2.4. Рубли мукофотӣ — воҳиди шартӣ, ки дар рубли ФР ҳисоб карда мешавад (1 рубли мукофотӣ ба 1 рубли ФР баробар аст), ки ба сифати таҳфифи то 30% ба пардохти сафар истифода бурда ҳуданаш мумкин аст. Рублҳои мукофотӣ ба воситаҳои пулӣ мубодила карда намешаванд ва муҳлати маҳдуди истифодаи аз бо қоидаҳои мазкур муқарраргардида доранд.

2.5. Суратҳисоб — ҳисоби виртуалии истифодабарандаи аз ҷониби хадамоти замимаи «Maxim» ташаккулдодашуда мебошад, ки дар он пешпардохтҳо ва маблағҳои воситаҳои пулии боздоштшуда ёки ҳисоб карда шуда барои пардохти сафар қайд карда мешаванд.

3. Намудҳои мукофотҳо:

3.1. «Мукофоти якум». Иштирокчии нав дар замимаи «Maxim» проморамзи аз маводҳои рекламавии хадамоти «Maxim» гирифташударо ворид мекунад. Баъд аз фаъолнамоии бомуваффақияти проморамз ба ҳисоби ӯ 100 рубли мукофотӣ ворид мешавад, ки онро барои пардохти сафар дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи ҳисобкунӣ истифода бурдан мумкин аст.

3.2. «Ба дӯстон тақдим намо». Иштирокчӣ дар замимаи «Maxim» проморамзи фардиро ташаккул медиҳад ва бо роҳи дилхоҳи имконпазир онро ба иштирокчии нав интиқол медиҳад. Баъд аз фаъолгардонии проморамз дар дастгоҳи мобилии худ иштирокчии нав 100 рубли мукофотӣ мегирад. Иштирокчӣ 100 рубли мукофотиро барои ҳар як фаъолгардонии бомуваффақияти проморамзи ӯ аз ҷониби иштирокчиёни нав бо он шарт мегирад, ки иштирокчиёни нав дар давоми 90 рӯз на кам аз 3 сафари тавассути замимаи «Maxim» офарида шудаанд, содир намоянд. Рублҳои мукофотӣ ба суратҳисоби истифодабарандагон ворид карда мешаванд ва метавонанд барои пардохти сафар дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи ҳисобкунӣ истифода бурда шаванд.

3.3. «Проморамзи иқдомӣ». Истифодабарандаи замимаи «Maxim» барои иштирок дар иқдоми хадамоти «Maxim» проморамз мегирад. Баъд аз фаъолгардонии проморазм ӯ иштирокчии иқдом мегардад. Рублҳои мукофотӣ барои фаъолгардонӣ ҳисоб карда намешаванд.

3.4. «Проморамзи мукофотӣ». Истифодабарандаи замимаи «Maxim» проморамзро ба сифати мукофот аз рӯи ҷамъбасти иштирок дар иқдоми хадамоти «Maxim» мегирад. Баъд аз фаъолгардонии проморамз рублҳои мукофотӣ ба суратҳисоби истифодабаранда ҳисоб карда мешаванд ва метавонанд барои пардохти сафар истифода бурда шаванд. Миқдори рублҳои мукофотӣ ва муҳлати истифодабарии онҳо бо шартҳои иқдом муайян карда мешаванд.

3.5. «Ташаккур аз Сбербанк». Дорандаи корти бонк бонусҳои «Ташаккур»-ро ба купони хадамоти «Maxim» дар сомонаи барномаи «Ташаккур аз Сбербанк» (https://spasibosberbank.ru/actions/taksi-so-skidkoj-do-30-pora-ehat/) мубодила менамояд ва проморамзи шахсӣ мегирад, ки онро дар барномаи «Maxim» фаъол мегардонад. Баъд аз фаъолгардонӣ ба суратҳисоби истифодабаранда рублҳои мукофотӣ ҳисоб карда мешаванд. 1 бонуси «Ташаккур» ба 1 рубли мукофотӣ баробар аст. Онҳоро барои пардохт намудани то 30%-и арзиши сафар истифода бурдан мумкин аст. Бонусҳоро ба рублҳои мукофотӣ дорандаи дилхоҳи корти Сбербанк, ки аз замимаи «Maxim» истифода мебарад, мубодила карда метавонад.

4. Хадамоти «Maxim» дар бораи қоидаҳо, муҳлатҳо, шартҳои барномаи мукофотӣ дар замимаи «Maxim» ва сомонаи taximaximapp.ru иттилоъ медиҳад.